Матни равон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи
вилояти Суғд озод намудани Ашурзода Р.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 июни соли 2023
№593

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳими даврони истиқлолият мебошад, тамоми мардуми шарифи шаҳрамонро ба муносибати бисту шашумин солгарди ин санаи таърихӣ табрик намуда, бароятон осмони софу беғубор ва саодати зиндагиро таманно менамоям.

Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид. Бо имзо намудани ин ҳуҷҷат дар назди аҳли башар бори дигар таҳаммулпазирӣ ва иродаи сулҳҷӯёнаву бунёдкоронаи халқи тоҷик собит гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - поягузор ва меъмори Ваҳдати миллӣ дар бораи машаққати ба даст овардани сулҳ таъкид намудаанд, “Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад”.

Имрӯз, 24.06.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баргузор карда шуд.

Дар кори ҷаласаи Шӯро раиси Шӯро прокурори шаҳр Вазирзода Вазир Зокир ва аъзои Шӯро сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Одиназода Шодӣ, сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Қаҳҳоров Комрон, сардори нозироти андоз дар шаҳр Исмоилов Акрам, сардори бахши раёсати кумитаи ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Шуҳрат Алиев ва сардори қисми мустақили 37-и ХДО дар шаҳр Сулаймонзода Насим ва ҳамоҳангсозон, муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва фаъолон иштирок доштанд.

Санаи 22.06.2023 дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон миззи мудаввар таҳти унвони «Пешбурди Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи шаҳрвандон» баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони маъюбдошта “Муваффақ” Шералӣ Мираюбов, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии Кумитаи параолимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобошарипов Парвиз, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони маъюбдошта “Дурнамо” Баротов Шарифҷон, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Меҳрбахш” Тенгиев Холмаҳмад, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ҳимояи ҳуқуқҳо ва рушди имкониятҳои ношунавоён ва нобиноён” Зебо Бидиева ва намояндаи Иттиҳодияҳои ношунавоёни шаҳри Хуҷанд Файзуллоев Музаффар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Санаи 23.06.2023 тибқи нақшаи кории тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва нақшаи кории филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" ва "Ваҳдат - сарчашмаи сулҳу субот" бо аҳли кормандони ҶСК "Қолинҳои Қайроққум" вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур  мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" 24.12.2022, №1920 қабул гардида, аз 5 боб ва 21 модда иборат мебошад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:120
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4044
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9177
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:120
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:108169
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9665880

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?