Санаи 22.06.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Шӯрои вилоятии ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр дар толори Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-ишаҳр таҳти унвони “Ваҳдат пойдевори давлат ва ҳастии миллат аст” ба ифтихори 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо конференсия баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, сармуҳаррири рӯзномаи “Шуълаи умед” Мирзоаъзам Мақсудов ва устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Бароатхон Махкамова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Боздид аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз шаҳраки Чоруқдаррон
- Боздид аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз шаҳраки Консой
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд






Оид ба татбики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак" ва пешгирии зӯроварӣ дар оила, инчунин бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, бартараф намудани хушунат дар оила ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону бонувон мизи мудаввар дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон баргузор гардид.
Дар шаҳри Гулистон аз ҷониби собиқ футболбози тими мунтахаби кишвар ва сарбони ҳозираи дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд Ҷаҳонгир Эргашев академияи футболи “Сомониён” таъсис дода шуд.
Санаи 17.06.2023 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳкоимияти давлатии шаҳр бо фаъолони шаҳр бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҷаласаи корӣ баргузор карда шуд. Дар ҷаласаи кории мазкур муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва соҳибкорон иштирок доштанд.
Санаи 16.06.2023 муовини роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Муҳаммадӣ Абдусатторзода бо ҳамроҳии гурӯҳӣ корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба рафти корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисор дидан намуданд.













