Зиндагии инсон пур аз рӯйдодҳост, ки дарку маърифати онҳо ба кас ҳам сабақи ҳаёт меомӯзаду ҳам завқи рӯзгордорӣ. Рӯйдодҳо гуногунанд. Онҳоро аз нигоҳи тавлид ба табиӣ ва иҷтимоӣ, вобаста ба оқибат фараҳбахш ва мудҳиш, аз ҷиҳати таъсир ба барангезанда ва хушҳолкунанда метавон ҷудо кард. Ҳамчунин тамоми рӯйдодҳо тибқи дараҷаи манфиатоварӣ иҷтимоӣ, гурӯҳӣ ва шахсӣ буда метавонанд.
Дар ин матлаб манзури мо баҳси рӯйдодҳои иҷтимоиест, ки дар мавридҳои мувофиқ, ногаҳон рух дода, бо мазмуну мантиқи баланд, ҷолибияти гуфтор ва руҳи таъсирпазир диққати мухотабонро ҷалб намуда, вирди забони дигарон ва манбаи илҳоми эҷодкорон мегарданд.
Ҳар як инсон дар зиндагии худ ба чунин рӯйдодҳо борҳо рӯ ба рӯ шудааст, онҳоро мушоҳида кардааст, аммо дарку маърифат ва дарёфти ҳикмати онҳо на ба ҳар кас даст додаву медиҳад.



















