Имрӯз 21.08.2023 дар мактаби президентии шаҳри Бӯстон ҷамъбастии даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор карда шуд.
Лозим ба зикр аст, ки дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст”, ки аз санаи 14.08.2023 то санаи 20.08.2023 дар мактаби президении шаҳри Бӯстон ҷараён гирифт довталабони шаҳри Гулистон фаъолона иштирок намуда, сазовори 1 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм, 2 ҷойи сеюм ва 4 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла: Маҳваш Бойматова хонандаи синфи 6-и гимназияи №1 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, миёни гурӯҳи хонандагони синфҳои 5-11 сазовори мақоми аввал гардид. Дар номинатсияи мазкур миёни омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун Лоиқ Кенҷаев муовини директори МД “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр сазовори мақоми 3-юм гардид. Дар номинатсияи эҷоди наср миёни гурӯҳи донишҷӯён, магистрантон ва докторантон Фаридуншоҳ Абдуллоев докторанти МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, ҳамзамон мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон сазовори ҷойи 2-юм ва дар номинатсияи зикргардида миёни гурӯҳи омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун Дилрабо Фарҳодзода омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳраки Чоруқдаррони шаҳр сазовори мақоми 3-юм гардид.






Имрӯз, 18.08.2023 бахшида ба таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 17.08.2023 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид. Дар кори машварат Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Набизода Мадина ва инчунин муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарият ва кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, омўзгорону мураббиён ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Таҳти ин унвон имрӯз, 12.08.2023 дар асоси барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг дар маркази шаҳр ба шанбегӣ баромаданд.














