Имрӯз, 11.08.2023 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорабинии тантанвӣ баргузор гардид.
Муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон паёми табрикотии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро ба самъи иштирокчиён расонид.
Зикр гардид, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш рағбати зиёд дошта, онро ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ, ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва мустаҳкам намудани дӯстӣ байни қавмҳо васеъ истифода менамудаанд.
Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмантарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад. Зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо иборат аз таҳкими саломатии инсон нест, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дошта, муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.






Тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи соли 2023, № АП-318 тасдиқ гардидааст 10 август дар тарабхонаи"Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони " Зеби дастархон" доир гардид.
Варзишгарони арҷманди гулистонӣ!
Бегоҳирӯзии 05.08.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Дастгоҳи иҷроияи Презиленти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боги ба номи "Низомиддин Алишер Навоӣ"-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангиву адабии санъаткорони шаҳри Гулистон пешкаши сокинони пойтахт карда шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз номи сокинони шаҳр ба аҳли хонавода ва пайвандони фавтидагони садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоб ки 6-уми августи соли ҷорӣ дар роҳи "Душанбе-Кулоб-Хоруғ" дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб рӯй дода, талафоти моливу ҷониро ба миён овард, изҳори ҳамдардӣ намуда, ба аҳли пайвандони ҳалокшудагон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил ва ба маҷруҳшудагони ин садамаи фоҷиабор шифои комилу оҷил хоҳон аст.














