Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Фарорасии 32-юмин солгарди Ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона бароятон муборакбод гуфта, ба шумо тансиҳатӣ, хонаободӣ, рӯзгори босаодат ва ба Тоҷикистони азизамон осмони софу беғубор ва рушду тараққиёти беназирро таманно менамоям.
Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол 32 сол инҷониб, ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ дорад. Дар ин солҳо мамлакати мо ва халқи баору номуси он таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нури зиндагибахши хуршеди Истиқлол баҳравар гардидаистодаанд. Дар ин росто, бо дастоварди бузург дар роҳи рушду инкишофи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо қадамҳои устувор пеш мераванд.






Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлоли миллӣ, ки орзуву ормони ҳазорон фарзандони ҷонфидои он буд марҳилаи нави ташаккулро оғоз намуд. Вале мутаассифона ба гирдоби кашмакашҳои дохилӣ бо дастандаркории шахсону гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохиливу берунӣ кашида шуд. Хушбахтона хиради азалии миллати тоҷик ба зулму торикӣ пирӯз гардид ва бо ба роҳбарии кишвар омадани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу пайкорҳои фидокоронаашон халқи тоҷик сарҷамъ гардида, ба кашмакашҳои дохилӣ нуқта гузошта шуд.
Имрӯз, 06.09.2023 дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати таҷлили шоистаи Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” бо иштироки устодону донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон Конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид.













