24.08.2023 муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба соли нави хониш, пурра аз таъмир баровардани муассиса ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дидан намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи таълимӣ таъмири синфхонаҳо намои берунии бино пурра ба анҷом расида, дар гирду атрофи муассиса низ корҳои ободонӣ ба ба роҳ монда шуд. Муассиса барои қабули хонандагон ба соли нави хониши 2023-2024 омода мебошад. Сару либоси хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби ҶДММ “Маҳина” омода гардида, волидайн ҳамарӯза аз коргоҳи дӯзандагии мазкур, ки дар ҳудуди шаҳр ҷойгир аст сарулибоси хонандагонро дастрас намуда истодаанд. Дар муассиса барои зимистонгузаронӣ ангишт, ҳезум ва сӯзишвориро ба қадри зарурӣ захира карда шудааст.
муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода аз синфхонаҳои муассиса ва макони нигоҳдории маводҳои зарурӣ барои зимистонгузаронӣ дидан намуда ба масъулини муассиса таъкид намуд, ки ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба соли нави хониш, таъмини пурраи хонандагон бо сарулибоси мактабӣ ва зимистонгузаронӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.






Имрӯз, 23.08.2023 муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода аз муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанги ҷамоати шаҳракҳои Консой ва Чоруқдаррон ҷиҳати омодагӣ ба соли нави хониш ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дидан намуд.
Санаи 22.08.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир гардид. Комиссия таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода доир гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Комиссияи ҷамъиятӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Тибқи рӯзномаи ҷаласа гузориши котиби Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Баҳодур Аҳмадҷонов доир ба ҳолати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои идоравии амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шунида шуд.
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар шаҳр корҳои ободонию созандагӣ бо маром ҷараён дорад. Дар шаҳраки Адрасмон низ дар ин самт як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда истодааст.












