Матни равон

Санаи 05.08.2023 дар Боғи ба номи «Низомиддин Алишери Навоӣ»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии шаҳри Гулистон баргузор гардид, ки аз ҷониби сокинони пойтахт ба қаноатмандӣ ва хушҳолӣ пазируфта шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Сиҷоуддин Саломзода, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, роҳбари гурӯҳи корӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Тибқи нақшаи баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, ки аз тарафи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ин навбат барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе кишоварзони шаҳри Гулистон маҳсулоти кишоварзиро бо нархи арзон ва сифати хуб пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, 5 тонна орд бо нархи 200 сомонӣ барои як халтаи 50 килоӣ, 2 тонна пиёз бо нархи 1,5 сомонӣ барои 1 кг, 2 тонна картошка бо нархи 3 сомонӣ барои 1 кг, 2 тонна сабзӣ бо нархи 2 сомонӣ барои 1 кг, 300 кг гӯшти гӯсфанд бо нархи 55 сомонӣ барои 1 кг, 300 кг гӯшти гов бо нархи 55 сомонӣ барои 1 кг, 2 тонна гӯшти мурғ бо нархи 20 сомонӣ барои 1 кг, 5 ҳазор дона тухм бо нархи 66 дирам барои 1 дона, 300 дона тарбуз ва 300 дона харбуза бо нархи 10 сомонӣ барои 1 дона ба савдо бароварда шуданд.

Ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахти Ватани азизамон - шаҳри Душанбе ва ҳаводорони санъату ҳунари волои тоҷик мерасонем, ки санаи 05 августи соли 2023, соати 08:00 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи "Низомиддин Алишер Навоӣ"-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ,  саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии шаҳри Гулистон ва бегоҳирӯзӣ соати 18:00  барномаҳои фарҳангиву адабии санъаткорони шаҳр доир мегардад!

Марҳамат ба рӯзҳои фарҳангии шаҳри Гулистон ба боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи "Низомиддин Алишер Навоӣ"!

Санаи 03.08.2023 дар толори қасри фарҳанги шаҳраки Адрасмон вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон доир гардид.

Ҳамчунин, дар вохӯрии мазкур, сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Комрон Қаҳҳоров ва мудири филиали КВД БА Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Беҳрӯз Ҷалолзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода вохӯриро оғоз намуда, такид дошт, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баргузории вохӯрии вакилони Маҷлиси вакилони вилояти Суғд, даъвати шашум бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ ба нақша гирифта шуда, вохӯрии имрӯзаи мо дар ин замина баргузор гардида истодааст.

Имрӯз, 02.08.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 07-уми июли соли 2023 нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми шаш моҳи соли 2023 баргузор гардид.

Ба нишасти матбуотӣ муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои шаҳр даъват гардида буданд.

Хабари Маркази матбуоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:467
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4044
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9524
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:467
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:108169
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9666227

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?