30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – 32-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, иброз доштанд, ки дар арафаи ҷашни солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони дигар соҳаҳо нишонаи қадршиносии Ҳукумат дар бунёд ва эъмори давлатдории миллии мо мебошад.






Имрӯз, 04.09.2023 дар толори хониши бахши фарҳанги шаҳр мҳфили илмӣ-адабӣ ба ифтихори Рӯзи китоб таҳти унвони “Аниси кунҷи танҳои китоб аст” бо иштироки хонандагони фаъоли китобхона ва ҳайати кормандон баргузор карда шуд.
Имрӯз, 04.09.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр баргузор гардид.
Тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр имрӯз, 02.09.2023 намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг дар маркази шаҳр ба шанбегӣ баромаданд.














