Санаи 07.09.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳ таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода номаи табрикотии Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзодаро ба самъи иштирокдорон расонид.
Зикр карда шуд, ки Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол 32 сол инҷониб, ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ дорад. Дар ин солҳо мамлакати мо ва халқи баору номуси он таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нури зиндагибахши хуршеди Истиқлол баҳравар гардидаистодаанд. Дар ин росто, бо дастоварди бузург дар роҳи рушду инкишофи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо қадамҳои устувор пеш мераванд.






Санаи 08.09.2023 тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозои қисми ҳарбии 07746-и маркази таълимии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аёдат карда шуданд.
Санаи 07.09.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Ҷамоати шаҳраки Консой 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳ таҷлил карда шуд.
7 сентябри соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба дидорбинии собиқадорони меҳнат, ки дар шаҳри Гулистон истиқомат мекунанд, рафт.
Ҳамватанони азиз!














