Имрӯз, 16.09.2023 муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода аз ҷараёни мумфаршкунии роҳи Адрасмон - Хуҷанд дидан намуд. Лозим ба зикр аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо дастгирии соҳибкорони бурунмарзиву ватанӣ, шахсони саховатпеша ва сокинони шаҳрак роҳи Адрасмон-Хуҷанд, ки тӯли 60 сол аст, ки таъмиру таҷдид нагардидааст мумфарш гардида истодааст.
Раиси ҷамоати шаҳрак Сарҳад Баротзода иттилоъ дод, ки то имрӯз беш аз 11000 метр роҳи асосӣ мумфарш карда шудааст. Ҳамарӯза, сокинони шаҳрак дастаҷамъона дар корҳои мумфаршкунӣ иштирок менамоянд. Ҳамчунин дар 5 мавзеи селроҳаи роҳ купрукҳо бунёд карда шудааст.






4-уми январи соли 1963, яъне 60 сол муқаддам дар харитаи Тоҷикистони шимолӣ боз як шаҳри навбунёд - шаҳри Қайроққум таъсис дода шуд. Минбаъд ин шаҳр дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар саҳми боризи худро гузоштааст.
Имрӯз, 15.09.2023 дар толори мактаби санъати шаҳр дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр конфренсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Шаҳри ман – ифтихори ман” бахшида ба таҷлили 60-умин солгарди таъсисёбии шаҳри Гулистон бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Имрӯз, 09.09.2023 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр чорабинии тантанавӣ ба муносибати 32-юмин солгарди Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.













