Матни равон

Санаи 12.10.2023 тибқи нақшаи кории  бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон"  ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеаи бо ҷавонони 16-17 солаи  МТМУ №12 деҳаи Зарчашмаи ҷамоати шаҳраки Адрасмон вохӯрӣ  баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Матлуба Сатторова и.в. мудири бахши кор бо занон ва оила, Фирӯз Ғаниев мушовири корҳои тарбиявии шуъбаи маорифи шаҳр, Фирӯз Раҳимзода нозир оид ба кори шиносномадиҳии ШМШ Адрасмони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  ва Хоҷаев Улуғбек директори муассисаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" 24.12.2022, №1920 қабул гардида, аз 5 боб ва 21 модда иборат мебошад.

Имрӯз, 10.10.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Муассисаи ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон” вохӯрӣ таҳти унвони “Хурофоту бегонапарастиро маҳкум менамоем” ва вусъати даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯён баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Фаридуншоҳ Абдуллоев мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Миркамолов Маҳкам намояндаи Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Раҳимова Хайринисо собиқадори соҳаи фарҳанг иштирок ва суханронӣ намуданд.

Санаи 09.10.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрӣ доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа аз қабили пешгирии экстремизм ва терроризм, ҷинояткорӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва  шарҳу тавзеҳи мафҳумҳои асосии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”  бо иштироки фаъолон баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва сардори шуъбаи дар шаҳри Гулситон будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қаҳҳоров Комрон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Имрӯз, 6 октябри соли 2023, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нуҳ моҳи соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар маҷлиси фаъолон муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, расиони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси федератсияи иттифоқи касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода иштирок намуданд.

Санаи 05.10.2023 бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи иди касбии омӯзгорон дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон ҷамъомади ботантана бо иштироки омӯзгорон, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассиса ва ташкилотҳо баргузор гардид.

Бо садо додани Суруди миллӣ чорабинии ботантана оғоз гардид.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон табрикоти раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода  ба муносибати таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон ба самъи иштирокчиён расонид.

Зикр гардид, ки масъалаи густариши забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва муқаддасот ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлати мо қарор дорад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1570
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4044
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8362
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22027
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:1570
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106078
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9667330

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?