Санаи 21.09.2023 тибқи нақшаи кории тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва нақшаи кории филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеаи бо сокинони деҳаи Гулдараи Ҷамоати шаҳраки Адрасмон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур Шарифҷони Саидраҳмон муовини Раиси шаҳр, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Абдуллоев Муродҷон мудири бахши бойгонӣ ва Тоҷиддинов Аҳлиддин мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" 24.12.2022, №1920 қабул гардида, аз 5 боб ва 21 модда иборат мебошад.






Дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли собиқадорон хабар гирифт.
Зимни сафари корӣ ба шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Беморхонаи рақами 1-и шаҳрак боздид намуд.
21 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон шинос шуд.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!













