Санаи 08.09.2023 тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозои қисми ҳарбии 07746-и маркази таълимии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аёдат карда шуданд.
Нахуст Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни суханронӣ афсарону сарбозонро бо фарораси ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар табрику таҳният намуд. Зикр карда шуд, ки Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол 32 сол инҷониб, ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: “Таҷлили санаи ба истиқлолият расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии оддии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз тақдир ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза ва тарҳрезӣ намудани дурнамои рӯзгори ояндаамон мебошад”.






Санаи 07.09.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Ҷамоати шаҳраки Консой 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳ таҷлил карда шуд.
7 сентябри соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба дидорбинии собиқадорони меҳнат, ки дар шаҳри Гулистон истиқомат мекунанд, рафт.
Ҳамватанони азиз!
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!













