Матни равон

Санаи 03.02.2024 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр доир ба огоҳсозии ҷавонон аз падидаҳои номатлуб-экстремизм, терроризм, коррупсия, интихоби касб ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ бо иштироки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, намояндаи Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсов Имомудин, устоди ДДҲБС Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мирзоев Абдураҳмон ва сармутахассиси МДРИ назди шуъбаи маорифи шаҳр Пулотова Дилноза иштирок ва суханрони намуданд.

Зикр карда шуд, ки вазъи кунунии ҷаҳони муосир, раванди ташаккулёбии вазъият нишон медиҳад, ки густариши зуҳуроти терроризму экстремизм дар як қатор кишварҳо, ба амният ва суботу оромии минтақа ва ҷаҳон таҳдид эҷод менамояд. Яъне экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср маънидод карда мешавад.

Терроризм яке аз ҷиноятҳои хатарнок буда, дар содир намудани кирдорҳои бадқасдона, аз қабили таркиш, оташ задан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани амнияти давлат, ҷамъият, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани шумораи зиёди аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият бо мақсади суст кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, зоҳир мегардад.

Таърихи инсоният гувоҳи он мебошад, ки терроризм ва экстремизм ҳанӯз аз замонҳои қадим вуҷуд доштанд ва дар шаклу усулҳои гуногун содир мешуданд. Дар охири асри ХХ дар қатори дигар мушкилот, терроризм ва экстремизм ба зуҳуроти хатарноки умумибашарӣ табдил ёфтанд.

Таъкид карда шуд, ки чунин хатарҳои мудҳишу манфурро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, ҳамасола зимни ироаи Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар аз оқибатҳои номусоиду даҳшатовари экстремизм ва терроризм, ки дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон содир мегарданд, бо нигаронӣ ёдовар мешаванд ва баҳри мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок дидгоҳу назар ва афкору андешаҳои аз назари илмиву амалӣ асосноки хешро баён месозанд. Ҳамзамон баҳри ҳифзу таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ба мақомоти давлатӣ, бахусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Ҷиҳати пешгирии ин падидаҳои номатлуб соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, дар Осиёи Марказӣ Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризмро барои солҳои 2016-2020 қабул намуд. дар тӯли 5 соли фаъолият Стретегияи мазкур дар пешгирии ин падидаҳои саҳми арзанда гузош ва лозим дониста шуд, ки он барои 5 соли дигар қабул гардад. Ҳаминтавр бо таҳрири нав Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аз 1 июни соли 2021, №187 ба тасвиб расид.

Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқоти тарғиботӣ мебаранд.

Дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмуи пешгирӣ, ошкор, рафъ ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро қабул ва амалӣ менамояд.

Доир ба пешгирии ин зуҳуротҳои номатлуб ба масъулин дастур дода шуд, ки дар байни сокинон корҳои тарғиботиро тақвият бахшанд.

Ҳамзамон доир ба тарзи интихоби дурусти касб, тарзи имтиҳонсупорӣ, имтиёзҳо, истифодаи бурдан аз сомонаи  Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои милӣ, ҳамчун мутахассиси соҳибтахассус ба воя расидан ва бо ин роҳ саҳми арзанда гузошта дар рушди кишвари маҳбубамон ибрози назар карда шуд.

Зикр гардид, ки ҷавонон дар интихоби касб ба иштибоҳу шитобкорӣ бояд роҳ надиҳанд. Онҳо бояд касберо интихоб кунанд, ки ба дониш, шавқу рағбат ва маҳораташон мувофиқ бошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд:  “Дар хотир бояд дошт,ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи даваронро ба воя расонад,пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо кунад”.

Интихоби касб бояд на иҷборӣ, балки ихтиёрӣ, аз рӯи хоҳиш ва талабот сурат гирад. Иҷрои коре, ки ба иродаи шахсӣ мувофиқ нест, душвор ва ҳатто дилгиркунанда аст. Аксарият гумон мекунанд, ки интихоби касб бояд аз рӯи мавқеи касб сурат гирад. Яъне, агар дар бозори меҳнат ба духтур ниёзи бештар бошад, пас бояд духтур шуд.

Бояд ба назар гирифт, ки касбро на барои осон ё сердаромад будан интихоб мекунанд, зеро кори осон вуҷуд надорад ва дар сурати меҳнат кардан, ҳама соҳа даромаднок аст.

Волидайн бояд барои интихоби касб ба фарзандон фазои мусоид фароҳам оваранд, то онҳо хуб фикр кунанд, дар тарозуи ақл баркашанд ва пасон сари мақсад оянд. Ба хотири обрӯи хонавода ва ё орзуи падару модар интихоб кардани касб ғалати маҳз аст.

Бояд дар хотир дошт, ки на касб одамро, балки одам касбро машҳур мекунад. Аз ин рӯ, аз пайи шуҳрат нарафта, ба касби дӯстдошта машғул шудан, беҳтарин кор аст. Дарёфти ҷои кори мувофиқ ва дилписанд барои шахси соҳибкасб ҳеҷ гоҳ душвор нест, зеро онеро, ки кори хешро медонад ва аз уҳдааш мебарояд, ҳамеша ҷустуҷӯ мекунанд.

Намояндагони донишгоҳҳои олии кишвар низ доир ба ҷалби хатмкунандагон ба донишгоҳҳо доир ба интихоби касб суҳбат намуда, ба хатмкунандагон варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар касби интихобкардаи худ устуворона қадам ниҳода, ҳамчун мутахассиси соҳибкасб ба воя расида дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми назарраси худро гузоред.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:291
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5075
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:291
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28417
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:82261
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7724181

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?