Матни равон

Имрӯз, 06.02.2024 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории  соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2023 аз рӯйи 10 номинатсия баргузор гардид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулмуҳаммадзода иштирок намуда, ба ғолибон ҷоизаҳоро супориданд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳли таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки дар чорабинии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри  Гулистон барои фаъолияти назарраси меҳнатӣ бо гирифтани ҷоизаи “Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2023”  мушарраф гардид.

Шоистаи зикр аст, ки қаблан Аҳлиддин Абдураҳмонов бо ҷоизаи “Беҳтарин мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2020”, “Беҳтарин бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2021”,  “Шаҳри Гулистон – Беҳтарин шаҳри варзишӣ дар соли 2021” сазовор гардида буд.

Дастоварди навбатӣ муборак бод!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2395
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3734
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:33094
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18843
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:13700
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:67708
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9467177

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?