Субҳи имрӯз, 01.09.2023 дар Муасисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳр Рӯзи дониш бо шукӯҳ таҷлил карда шуд.
Чорабинии тантанавӣ ба садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори маркази “Тоҷикстандарт” дар вилоят Ғайбулло Муҳиддинзода номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи дониш ба самъи иштирокдорон расонид.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни суханронии худ донишҷӯёну устодонро бо фарорасии Рӯзи дониш муборакбод намуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Вохӯрӣ бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳраки Адрасмон
- Шиносоӣ бо омодагии муассисаҳои таълимии маркази шаҳраки Адрасмон ба соли нави хониш ва зимистонгузаронӣ
- Ҷаласаи Комиссияи ҳудудии муқовимат ба савдои одамон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид






30 августи соли 2023 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба таҷлили 32-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони “Истиқлолият-сарвати бебаҳои миллат”бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим, раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Омӯзгорону хонандагони азиз!
Санаи 28.08.2023 дар кӯчаи Дӯстии халқҳои маркази шаҳр тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр бо истиқоматкунандагон вохӯрӣ оид ба ҷалби сокинон барои кор дар Неругоҳи барқӣ-обии Роғун, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва пешгирии терроризму экстремизм баргузор гардид.
Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба иду ҷашнҳои давлатӣ ва суннатӣ ба онҳо пайваста кумакҳои моливу молиявӣ мерасонад.















