Имрӯз, 23.08.2023 муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода аз муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанги ҷамоати шаҳракҳои Консой ва Чоруқдаррон ҷиҳати омодагӣ ба соли нави хониш ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дидан намуд.
Нахуст аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳраки Консой дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи таълимӣ таъмири синфхонаҳо ба анҷом расида, корҳои таъимрӣ дар толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ идома дорад. Сару либоси хонандагони муассисаҳои таълимӣ 80 дарсад омода гардидааст. Дар муассиса барои зимистонгузаронӣ ангишт, ҳезум ва сӯзишвориро ба қадри зарурӣ захира карда шудааст.
Сипас, аз муассисаи таълимии томактабии №11, бемохона, маркази саломатӣ ва клуби фарҳангии шаҳрак дидан карда шуда, аз рафти омодагӣ зимистонгузаронӣ дидан карда шуд. Дар муассисаҳои мазкур барои зимистонгузаронӣ маводҳои зарурӣ захира карда шудааст.






Санаи 22.08.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир гардид. Комиссия таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода доир гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Комиссияи ҷамъиятӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Тибқи рӯзномаи ҷаласа гузориши котиби Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Баҳодур Аҳмадҷонов доир ба ҳолати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои идоравии амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шунида шуд.
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар шаҳр корҳои ободонию созандагӣ бо маром ҷараён дорад. Дар шаҳраки Адрасмон низ дар ин самт як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда истодааст.
Имрӯз 21.08.2023 дар мактаби президентии шаҳри Бӯстон ҷамъбастии даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор карда шуд.















