Санаи 18.09.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрӣ доир ба риояи Кодекси одоби хизмати давлатӣ, пешгирии экстремизм ва терроризм ва падидаҳои номатлуб дар ҷомеа бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳо ва фаъолон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ва сардории шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қаҳҳоров Комрон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дар таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза, ки ҳамагон аз он огоҳем мубориза бо экстремизму терроризм хусусияти аввалиндараҷа барои ҳар як давлати соҳибистиқлол касб намудааст.






Санаи 19.09.2023 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ба муносибати Рӯзи шаҳри Гулистон ва 60-умин солгарди таъсисёбии шаҳри Гулистон чорабинии идона баргузор карда шуд.
Санаи 19.09.2023 тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи шаҳри Гулистон ва 60-солагии таъсисёбии он баргузор гардид. Дар роҳпаймоӣ хонандагони муассисаҳои таълимии маркази шаҳр ва донишҷӯёни муассисаи таълимии ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳр иштирок намуданд.
Имрӯз, 19.09.2023 тибқи нақшаи муштараки тасдиқгардидаи гурӯҳҳои таблиғотии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳр вохӯрӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз 24-уми декабри соли 2022, №1920 баргузор гардид.
Имрӯз, 19.09.2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи шаҳри Гулистон як қатор собиқадорони меҳнат ва собиқадорони хизмати давлатиро, ки дар рушду нумуи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр саҳми арзанда гузоштаанд аёдат намуд. Нахуст Давлатбаева Рамзия аёдат карда шуд. Сипас, Жадрин Пулат Писанович ва Ҳусейнов Абдусамӣ Абдуевич, ки қаблан дар вазифаҳои муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон солҳои сол фаъолияти меҳнатӣ намудаанд аёдат карда шуданд.














