Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба иду ҷашнҳои давлатӣ ва суннатӣ ба онҳо пайваста кумакҳои моливу молиявӣ мерасонад.
Имрӯз, 29 августи соли 2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маросими анъанавии супоридани либосҳои мактабӣ ба ятимон ба вуқӯъ пайваст. Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода дар ибтидо кулли мактаббачагонро бо фарорасии соли хониши 2023-2024 муборакбод гуфта барояшон хониши хубу аъло таманно намуд. Сипас, ба 60 нафар ятимон либоси мактабӣ тақдим карда шуд.
Зикр гардид, ки дастгирии ятимону қишри ниёзманди аҳолӣ ҳамеша дар зери назари Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад.






Санаи 25.08.2023 тибқи нақшаи кории мақомти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳр, шуъбаи маориф ва нақшаи кории Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №7-и маркази шаҳраки Адрасмон бо омӯзгорони муассиса вохӯрӣ доир ба тақвияти корҳои таълиму тарбия дар соли нави хониш, тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо баргузор гардид.
Санаи 25.08.2023 гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳайати мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳр Гулрабо Ҷабборӣ, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Наимҷон Шарифов ва Зулфия Ҷумаева китобдори шуъбаи маорифи шаҳр аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №5, №7, №13 ва муассисаи таълимии томактабии №21-и маркази шаҳраки Адрасмон ҷиҳати омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш, пурра аз таъмир баровардани муассисаҳо ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дидан намуданд.
Санаи 24.08.2023 таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода тибқи нақшаи кории Комиссияи ҳудудии муқовимат ба савдои одамон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Муассисаи таълимии томактабии №5-и шаҳраки Чоруқдаррони шаҳр дар озмуни вилоятии Беҳтарин муассисаи давлатии таълимии томактабӣ дар миёни муассисаҳои давлатии таълимии томактабии 18 шаҳру навоҳии вилоят сазовори мақоми дуюм гардида, дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят бо диплом ва туҳфаи пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳаҷми 3000 сомонӣ қадрдонӣ гардид.













