Муҳтарам кормандони соҳаи маталлургия!
Ба муносибати Рӯзи металлургҳо кулли кормандони соҳа ва собиқадорони соҳаи металлургияро самимона муборакбод гуфта, бароятон тансиҳати, рӯзгори осуда ва дар фаъолитяи меҳнатиатон муваффақиятҳоро таманно менамоям.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи июл ҳамчун Рӯзи металлургҳо ҷашн гирифта мешавад. Интихоби ин рӯз ҳанӯз дар таърихи 28 сентябри соли 1957 дар асоси қарори Прездиуми Совети Олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тасдиқ гардида буд. Ҳукумати Шӯроҳо бо назардошти заҳматҳои шоёни металлургҳо дар замони ҷанг ва барқарорсозии иқтисодиёти мамлакат дар давраи баъдиҷангӣ ба ҳамин хулоса омада буд.
Ин санаи таърихӣ дар тақвими давлатҳои пасошӯравӣ ба монанди Тоҷикистон, Россия, Белоруссия, Қазоқистон ва дигар ҷумҳуриҳои навташкил боқӣ монд.
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи металлургҳоро одамони касбу кори гуногун, ки ба риштаи металлургияи сиёҳ ва ранга аз ягон ҷиҳат вобастаанд ҷашн мегиранд. Ҳатто кӯҳканоне, ки ба истихроҷи маъдан машғул мебошанд ин рӯзро ҳамчун иди касбӣ бесаброна интизоранд.






Санаи 14 июли соли 2023 дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” дар байни занон- хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ҷамъбаст гардид. Дар ҷамъбасти озмуни мазкур Қурбонзода Ҳилолбӣ - раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба маълумоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон расонида мешавад, ки тибқи қарори дахлдор, санаи 21 июли соли 2023 соати 9:00 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум баргузор мегардад.
Санаи 12.07.2023 тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корвони корвони “Модарони ваҳдатсаро” бо сарбозони қисми низомии 07746-и Маркази таълимии гарнизони Суғд вохӯрӣ доир намуданд.
Санаи 12.07.2023 ҳайати корвони “Модарони ваҳдатсаро” бо роҳбарии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода собиқадори хизмати давлатӣ, муовини озоди раиси Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Санавбар Нуриллоеваро аёдат намуданд.














