Матни равон

Имрӯз, 26 сентябри соли 2023 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум доир гардид.

Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ ва раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи иҷлосия ҳафт масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иҷлосия таҳти роҳбарии раиси шаҳр  Раъно Ҳошимзода баргузор шуд.

Аз рӯи масъалаи якум оид ба рафти амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №602 "Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030" сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Алиев Шуҳрат ҳисобот пешниҳод намуд.

Доир ба масъалаи мазкур Муҳаббатов Амир вакил аз ҳавзаи интихоботии "Маърифаи" №27 ба музокира баромад.

Доир ба барраси масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет шунида шуд.

Тибқи масъалаи сеюми рӯзнома  масъалаи ворид намудани тағйирот ба нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр дар соли 2023 баррасӣ гардид.

Ҳамчунин, ҳисоботи вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Ганбахш" №14 Пӯлодиён Гулсанам оид ба ваколатҳои вакилӣ шунида шуд.

Тибқи масъалаи панҷуми рӯзнома ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз 10 марти соли 2021, №74 "Дар бораи тасдиқи "Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Гулистон барои солҳои 2021-2025" баррасӣ гардид.

Сипас, дар асоси масъалаи шашуми рӯзнома баррасии эътирозҳои Прокуротураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023 оид ба ворид намудани тағйирот ба қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз 30 декабри соли 2021, №114 ва аз 10 марти соли 2023, №178 "Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои Раиси шаҳр" мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Тибқи масъалаи охири рӯзнома тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Азиз Ғуфронзода доир ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №602 "Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030" дар шаҳр изҳори назар намуда аз масъулин масъулияти ҷиддиро талаб намуд.

Дар фарҷом раиси шаҳри Гулистон оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва дигар тадбирҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори Иҷлосия хотима ёфт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1881
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3050
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14339
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22440
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:27895
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85147
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8621476

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?