19 Сентябр 2023
Имрӯз, 19.09.2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи шаҳри Гулистон як қатор собиқадорони меҳнат ва собиқадорони хизмати давлатиро, ки дар рушду нумуи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр саҳми арзанда гузоштаанд аёдат намуд. Нахуст Давлатбаева Рамзия аёдат карда шуд. Сипас, Жадрин Пулат Писанович ва Ҳусейнов Абдусамӣ Абдуевич, ки қаблан дар вазифаҳои муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон солҳои сол фаъолияти меҳнатӣ намудаанд аёдат карда шуданд.
Собиқадорони меҳнат бо хушнуди аз ин амали нек изҳори сипос намуда, аз кору пайкори фидокоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи Тоҷикистон ёдовар шуданд. Ҳамчунин, собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ барои фаъоляти пурсамар ва рушду тараққиёти рӯзафзуни шаҳр барору комёбиҳо таманно намуданд.