Дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон - шаҳри Остона Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Аз шаҳри Гулистон низ масъулини шаҳрдорӣ дар намоиш иштирок намуда, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти нониву қаннодиро ба намоиш гузоштанд.
Ин тадбири муҳим, ки бо иқдому ташаббуси бевоситаи Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев амалӣ шуд, дар густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва пайдо намудани шарикони ҳамкор заминаи мусоидро фароҳам оварда, дар афзоиши минбаъдаи гардиши савдои хориҷии ду мамлакат, ки шарики старатегӣ ҳастанд, нақши бориз хоҳад гузошт.
Ба муносибати ташкили Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли санъату ҳунар бо пешниҳоди барномаи мукаммали консертӣ ва саҳнаҳои театркунонидашуда, ки дӯстию рафоқатро таҷассум мекард, хотири сокинону меҳмонони шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистонро болида намуданд.






Муҳтарам варзишгарон!
Имрӯз, санаи 09 августи соли 2024 Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо фаъолон ва роҳбарони корхонаҳову муассисаҳои шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Санаи 06.08.2024, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии иҷтимоии наврасону ҷавонони лаёқатманд ва дарёфти беҳтарин донишандӯзон мутобиқ ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2015, №508 “Дар бораи Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ”, фармоиши Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024, №21 “Дар бораи баргузории озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар соли хониши 2024-2025” ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 05.07.2024, №186 «Дар бораи таъсис додани Комиссияи озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар соли хониши 2024-2025 дар шаҳри Гулистон” дар толори муассисаи тащсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр баргузор карда шуд.
Дар Ҷамоати шаҳраки Навгарзани шаҳр тибқи нақшаи ободгардонии роҳҳо сокинон сарҷамъона ба ҳашар баромада аз вазъи мусоиди боду ҳавои тобистон истифода карда, барои равуои бемонеа дар ҳамаи фасли сол дар мавзеъҳои тангии роҳ корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба роҳ монданд.













