Дар ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи ба номи Имомалиеви маркази шаҳрак 550 м мураббаъ роҳ бо дастгирии мақомоти ивроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мумфарш карда шуд.
Дар шаҳри Гулистон дар соли 2024 таъмири 53,4 километр роҳҳои автомобилгарди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла 7,5 км таъмири асосӣ, 21,4 километр таъмири ҷорӣ ва 25,5 километр шағалпўш мебошад. Барои иҷрои корҳо аз манбаъҳои гуногун 9,0 миллион сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст.
Дар давоми шашмоҳаи соли 2024, 43,3 километри роҳҳо таъмиру тармим гардиданд, ки 80,5 фоизи иҷрои нақша мебошад. Аз ҷумла: 8,2 километр таъмири асосӣ, 21,2 километр таъмири ҷорӣ ва 13,9 километр шағалпўш карда шуда, маблағи сарфшуда 6,5 миллион сомониро ташкил дод.
Мақолаҳои боқимонда...
- БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ СИРДАРЁ ДОИР БА ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ ВА РИОЯВУ АМАЛӢ НАМУДАНИ ҚОНУНУ СТРАТЕГИЯҲОИ АМАЛКУНАНДА ДАР ҶОМЕА
- МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲР БАРГУЗОР ГАРДИД
- ТАБРИКНОМАИ РАИСИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН РАЪНО ҲОШИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ






Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон пас аз ба истифодадиҳии майдончаи варзишӣ Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов 3 нафар собиқадорони меҳнат
Рӯзи 24-уми августи соли 2024 аз тарафи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода 5-нафар шаҳрванд қабул карда шуд.
Санаи 22.08.2024 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар асоси банди 14-и Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст бо фаъолон ва сокинони шаҳри Гулистон дар мавзуи “Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ” мулоқот баргузор гардид.














