Матни равон

Санаи 3 сентябои соли 2024 дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони  шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Гулистон Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ-пойдевори давлати мутамаддин” бо иштироки ҷавонон, собиқадорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳраки Чоруқдаррон баргузор гардид.

Нахуст мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов кори Конференсияро оғоз намуд.

Дар Конференсия мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши занон ва оила Матлуба Сатторова, мудири бахши муҳоҷират Шоназарзода Абдумалик, раиси Ҷамоати Чоруқдаррон Наргиса Бердиева, собиқадорони меҳнат Султонов Отаҷон ва Қаюмова Мавлуда суханронӣ намуданд.

3 сентябри соли 2024 маросими супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба фаъолони хоҷагии халқи вилоят баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ ҳозиринро бахшида ба 33-юмин солгарди Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуд.

Қайд карда шуд, ки дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ намудани хизматҳои фарзандони барўманд ва хизматнишондодаи Ватан, онҳое, ки бо меҳнати босубот ва фидокоронаашон дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми назаррас гузоштаанд, ҷойгоҳи хоса дорад.

Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисми роҳи ҳудуди минтақаи саноатӣ ва ҳудуди ҶДММ "Доруи Суғд" дар ҳаҷми 2700 метри мураббаъ мумфарш карда шуд.

Дар шаҳри Гулистон дар соли 2024  таъмири  53,4 километр роҳҳои автомобилгарди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла 7,5 км таъмири асосӣ, 21,4 километр таъмири ҷорӣ ва 25,5 километр шағалпўш мебошад. Барои иҷрои корҳо аз манбаъҳои гуногун  9,0 миллион сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст.

Дар давоми шашмоҳаи соли 2024, 43,3 километри роҳҳо таъмиру тармим гардиданд, ки 80,5 фоизи иҷрои нақша мебошад. Аз ҷумла: 8,2 километр таъмири асосӣ, 21,2 километр таъмири ҷорӣ ва 13,9 километр  шағалпўш карда шуда, маблағи сарфшуда 6,5 миллион сомониро ташкил дод.

Субҳи имрӯз, 01.09.2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи уммумии №14-и маркази шаҳзр Рӯзи дониш бо шукӯҳ таҷлил карда шуд.

Чорабинии тантанавӣ ба садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи дониш ба самъи иштирокдорон расонид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода  зимни суханронии худ хонандагону омӯзгронро бо фарорасии Рӯзи дониш муборакбод намуд.

Санаи 31.08.2024  дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ба муносибати оғози соли нави хониш ва истиқболи сазовори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид.

Дар шанбегии умумишаҳрӣ аз ҷониби  кормандони ташкилоту муассисаҳо корҳои ободонӣ аз қабили тоза намудани гирду атрофи корхонаву муассисаҳо, шафати роҳҳо ва гирду атрофи онҳо аз алафҳои хушк ба роҳ монда шуд.

Масъулини шаҳрдорӣ ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:5345
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4044
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12137
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22027
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5345
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106078
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9671105

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?