Дӯстони азиз!
Наҷотдиҳандагони ҷону моли инсоният!
Боиси хушнудист, ки имсол таҷлили 30-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада истодааст. Ба ин муносибат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҳамаи кормандони соҳаи ин хизматрасониро самимона табрик гуфта, ба онҳо дар кори масъулиятнок, заҳматталаб ва ҳамзамон бошарафашон барору комёбӣ таманно менамояд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ замоне таъсис ёфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои истиқлолият парвоз мекард. Инак, дар тӯли ин қадар сол базаи кадрию техникии ин соҳа мустаҳкам гардида, имкон медихад, ки талафотҳо ва талафоти молиявӣ кам карда шавад. Кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Гулистон шахсоне мебошанд, ки ба мардуми ниёзманд ва дармонда дасти ёрӣ дароз намуда, онҳоро аз ҳар гуна офат ва ҳолатҳои фавқулода наҷот медиҳанд. Бесабаб нест, ки дар солхои охир боварии халк ба коркунони ин соҳа афзуда аст ва сабаби оромии мардум низ гашта аст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Ташкили Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остона-пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон
- ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН РАЪНО ҲОШИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН
- Мулоқату вохӯрӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ»






Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб собиқадори соҳаи тибби шаҳр Исмоилов Нематҷонро аёдат намуд. Номбурда пас аз хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон шуруъ аз соли 1964 то соли 2010 дар муассисаҳои тиббии шаҳр ҳамчун табиби осебшинос фаъолияти меҳнатӣ намуда, дар сиҳатбахшии ҷомеа саҳми арзишманд гузоштааст.
Бахшида ба таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 13.08.2024 тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар соҳили "Баҳри тоҷик", минтақаи истироҳатии шаҳр, обутобгоҳи "Сайёд" ва ҳудуди осоишгоҳҳои "Шифо"-ю "Баҳористон" аксияи "Тозагии соҳил" бо мақсади тозаву озода намудани соҳили баҳр, ки мавзеи истироҳатӣ ҳаст ва ҳамарӯза ҳазорон нафар аз дохил ва хориҷи кишвар барои истироҳат ташриф меоранд баргузор гардид.
Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорабинии идона баргузор карда шуд.














