7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон “Корхонаи металлургии тоҷик” — ро ифтитоҳ намуда, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.
Иншооти нави саноатӣ дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Узбекистон бунёд шуда, фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии прут ва арматура равона гардидааст.
Хатҳои истеҳсолии корхона аз насли нави давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 30 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил менамояд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва Ифтихорномаҳо ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатӣ
- Оғози мусобиқаи варзишии футбол байни ҷавонони муассисаҳои таълимӣ, бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Адрасмон
- ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА НАМУДИ ГУШТИНИ ТАРЗИ ОЗОД, ДАР ШАҲРАКИ КОНСОЙ, БАХШИДА БА 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН






7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва лула (шланг)-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абдуллоев Саидбой”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
7 сентбяр дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бинои нави маркази саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити кор ва хизматрасонӣ дар ин муассиса шинос шуданд.
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Санаи 05.09.2024 тибқи нақшаи баргузории маҷлиси тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Майдони Парчами давлатӣ дар шаҳр чорабинии идона баргузор гардид.













