8 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон омада, бо корҳои таҷдиду барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии "Қайроққум" шинос гардид.
Бояд қайд кард, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии "Қайроққум» амалӣ шуда истодааст. Бо татбиқи пурра лоиҳа иқтидори нерӯгоҳ тавоноии лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳи мазкур аз 21 мегаватт қариб то 30 ва дар маҷмӯъ тавоноии он аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида хоҳад шуд.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо ба мутахассисони дохиливу хориҷӣ барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо супоришҳои мушаххас дод.






Санаи 05.07.2024 бахшида ба 80-солагии собиқадори соҳаи ҳифзи ҳуқуқ Султон Каримбердиев дар толори мактаби санъати маркази шаҳр конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода, муовини сардори Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирӯз, сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Комрон Қаҳҳоров, раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов ва раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Каромат Қосимова, соҳибҷашн Султон Каримбердиев ва дӯстону пайвандон, собиқадорон, ҳамкорону ҳамсабақони соҳибҷашн иштирок иштирок намуданд.
Рӯзи 6-уми июли соли 2024 аз тарафи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода 8-нафар шаҳрванд қабул карда шуд.
Имрӯз, 27.06.2024 дар Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр ба ифтихори 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 26.06.2024 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва филиали ИҶТ дар шаҳри Гулистон, дар толори қисми ҳарбии 45025 КҲФМГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Конфренсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон–меъмори давлати миллии тоҷикон” бо иштироки афсарону сарбозон баргузор карда шуд.














