Имрӯз, 12.09.2024 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар маркази шаҳр бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони "Истиқлолият-ормони таърихии миллат"бо иштироки гирандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси шаҳр баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва Эмомалӣ Бобоев директори МДТИ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки дар ин давраи ҳассосӣ ҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву Истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқиммати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардиданд. Мову шумо аз фарози қарни XXI бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва Истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарварии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони сарсупурда навишта шудаанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон «Корхонаи металлургии тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва луларо ифтитоҳ намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои нави маркази саломатиро ба истифода доданд






Имрӯз, 12.09.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон Ситоди Обуна-2025 баргузор гардид. Дар кори Ситод ҳайати Ситоди шаҳрӣ ва роҳбарони муассисаву ташкилотҳо иштирок намуданд.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
7 сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Доруи Суғд” оғоз бахшиданд.















