Матни равон

Имрӯз, 18 сентябри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум доир гардид.

Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовини якуми Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.

Санаи 14.09.2024 дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо иштироки ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногун бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони "Миллати ҷисман солим рӯҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад" доир гардид.

Ин тадбир дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба амалигардонии “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022-2026” ба роҳ монда шуд.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Аз соли 2016 инҷониб ҳамасола рӯзи 15-уми сентябр - Рӯзи шаҳри Гулистон ҷашн гирифта мешавад.

Пас аз таҷлили бошукӯҳи иди бузурги миллӣ ва давлатиамон - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили рӯзи шаҳрамон, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст, идомаи мантиқии шукӯҳу ҷалол ва шаҳомати Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахши фасли тирамоҳи заррин, ки дар партави сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи кишвар қадамҳои устувори хешро дар эъмори давлати соҳибихтиёру соҳибмақом дар арсаи ҷаҳон мегузорад, мардуми шарифи шаҳри Гулистон бо рӯҳияи баланди ватандорӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ ба корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ камари ҳиммат маҳкам бастаанд.

Тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба ташкил ва баргузор намудани ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия санаи 14.09.2024 дар шаҳри Гулистон  ярмарка баргузор гардид.

Дар ярмарка корхонаҳои истеҳсолии шаҳр ва корхонаҳои истеҳсолии дигар шаҳру нохияҳо  ва хоҷагиҳои деҳқонӣ маҳсулоти худро пешниҳод намуданд.

Сокинон дар ярмарка маҳсулоти ниёзи аввалияи худро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо дастгирии соҳибкорони бурунмарзиву ватанӣ, шахсони саховатпеша ва сокинони шаҳрак роҳи Адрасмон-Хуҷанд, ки тули 60 сол аст таъмиру таҷдид нагардидааст мумфарш гардида истодааст. Соли 2023 ин кори нек оғоз гардида, наздик ба 20 км роҳ пурра мумфарш гардида буд.

Сокинон ин иқдоми некро бо истифода аз рӯзҳои мусоиди тобистону тирамоҳ дар соли ҷорӣ низ идома дода, ба иттилои раиси ҷамоати шаҳрак Баротзода Сарҳад 5 км дигари роҳро мумфарш намудаанд.

Масъулин ният доранд, ки марҳила ба марҳила роҳи мазкурро пурра мумфарш намоянд. Мумфарш гардидани роҳ мушкили рафтуомади сокинонро осонтар мекунад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3731
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4044
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10523
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22027
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3731
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106078
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9669491

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?