Матни равон

Дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол”-и маркази шаҳр бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои мардумии ниёгон дар самти тарроҳии либоси анъанавии тоҷикона, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2024, қарори раиси вилояти Суғд ва қарори Раиси шаҳр Фестивали шаҳрии атлас баргузор карда шуд.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода дар фестивали мазкур иштирок намуда, зикр кард, ки адрасбофӣ яке аз ҳунарҳои маъмулии тоҷикон маҳсуб меёбад, ки то ба имрўз маъруфияти зиёд дорад. Адрас матоест, ки тораш аз абрешиму пудаш аз ресмони пахтагин буда, дар дастгоҳи махсус бофта мешавад. Аз матои адрас сару либоси занона, ҷомаҳои мардонаву бачагона ва баъзе ашёи рўзгор, ба монанди кўрпаву болишт ва дастархону рўйпўши бистар медўзанд, ки дар ҳаёти маишии мардум васеъ истифода мегарданд.

Тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисто ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими  ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо санаи 25 сентябри соли 2024 дар МТМУ №2 Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон бо ҷалби ҷавонон хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Гулистон Оқилзода Ғайрат,  мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, мутахассиси татбиқи забон дар МИҲД шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, сармутахассиси шуъбаи маориф Ҳайдаров Алишер ва раиси шаҳраки Чоруқдаррон Наргиса Бердиева  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Имрӯз, 24.09.2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз ҷараёни фаъоляти ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” дидан намуд.

Зимни шиносоӣ Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба масъулин доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҷиҳати вусъат бахшидани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва истифода намудани пурраи имкониятҳо дар ҷараёни фаъолият  таъкид намуд.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъмини уҳдадориҳои истеҳсолӣ фаъолияти мунтазам намуда, бо мақсади таъмини нақшаи фаъолият дар давраҳои ҳисоботӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Санаи 23.09.2024 ба ифтихори 1166-солагии Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар назди нипайкараи Рӯдакӣ воқеъ дар назди бинои бахши фарҳанги шаҳр маҳфили илмӣ адабӣ баргузор карда шуд.

Дар маҳфили илмӣ-адабӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, КИ ҲХДТ дар шаҳр, кормандони бахши фарҳанги шаҳр ва хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷи тиббии шаҳр иштирок намуданд.

Нахуст, директори китобхонаи системаи марказонидашудаи шаҳр Биомина Мирзоева ҳамагонро ба маҳфили илмӣ-адабӣ хушомадед гуфт.

Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ манзури иштирокчиён намуда, зимнан доир ба зиндагинома, ҷойгоҳи адабии шоир ва мазмуну муҳтавои ашъори шоир суханронӣ намуд.

Пахта яке аз муҳимтарин ва қадимтарин растании нахдору равғандиҳандаи техникӣ ба ҳисоб рафта ба қатори дастовард ва  боигариҳои Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Кишоварзони пахтакори вилояти Суғд  тибқи дурнамо тасмим гирифтаанд, ки нисбат ба давраи соли гузашта  имсол низ натиҷаи дилхоҳ бадаст оваранд.

Гуфта мешавад, ки ҳамарӯза  қариб 55 ҳазор пахтачину ҳашарчиён ба майдони пахтазор  баромада, барои ғунучини саривақтӣ ба пахтакорон кӯмак мерасонанд.

Имрӯз 21.09.2024 барои ёрӣ расонидан ба дастранҷи меҳнати кишоварзон, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон якҷо бо кормандони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо ҷиҳати расонидани кумак барои саривақт ҷамъоварии ҳосили  хоҷагии деҳқонии “Абдураҳим Ҷумаев”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар карда шуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3726
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4044
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10518
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22027
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3726
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106078
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9669486

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?