Матни равон

Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир  ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шудаистодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки масъулин Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва мураббиён дар ҳамкорӣ бо дигар шаҳру ноҳияҳо, шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намудаистодаанд. Бо ҳамин мақсад, санаи 29.08.2024, дар толори варзишии Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон, бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди шаҳрии гуштини тарзи озод аз руйи 13 вазн баргузор гардид. Қобили қайд аст, ки дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 100 нафар наврасону ҷавонони шаҳри  Гулистон, шаҳри Хуҷанд, шаҳри Исфара, шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Ашт фаъолона иштирок намуда байни ҳам рақобат ва қувваозмоӣ намуда ғолибон бо диплом ва медалҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон қадрдони гардиданд.

Имрӯз, 28.08.2024  тибқи нақшаи тасдиқ гардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ИҶТ дар шаҳри Гулистон дар беморхонаи маркази хониши сиёсӣ таҳти унвони “Танзими расму оинҳо-кафолати зиндагии шоиста” бо иштироки кормандони беморхонаи мазкур доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Абдураҳмонов Аҳлиддин мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Иброҳимов Иброҳимҷон сардухтури беморхонаи марказии шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд. Боиси таассуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тӯли асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфтаанд.

Ба 100 нафар хонандагони мактабҳои шаҳри Гулистон аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либосҳои мактабӣ супорида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо хонандагон аз оилаҳои ниёзманд ва муҳассилине, ки бо амри тақдир ятим мондаанд, иброз дошт, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат қишри ниёзманди ҷомеаро мунтазам дастгирӣ менамояд. Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан ба ятимон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, барои соҳиби маълумот ва касбу ҳунар гардидани онҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда мешавад.

Бинобар ин, ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа бояд ҳеҷгоҳ худро танҳо ҳис накунанд ва бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ дар фазои орому осудаи кишвар таҳсил карда, барои соҳибкасб шудан талош варзанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли як қатор собиқадорони соҳаи маориф, ки умри бобаракати худро сарфи таълиму тарбия намуданд, хабар гирифт.

Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон ба дидорбинии Дилбар Рустамова ва Муборак Ҳамробоева рафта, бо собиқадорони соҳаи маориф суҳбати самимӣ анҷом дод. Қайд гардид, ки имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, ҳамасола садҳо иншооти соҳа бунёду ба истифода дода мешавад. Ҳамзамон, маоши кормандони соҳаи маориф низ марҳила ба марҳила зиёд шуда истодааст ва аҳли маориф барои тарбияи насли наврас саҳми шоиста мегузоранд. Давлату Ҳукумат хизматҳои собиқадоронро ҳамеша қард мекунад. Зеро онҳо дар пешбурди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия саҳми муносиб гузоштаанд.

Дар ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи ба номи Имомалиеви маркази шаҳрак 550 м мураббаъ роҳ бо дастгирии мақомоти ивроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мумфарш карда шуд.

Дар шаҳри Гулистон дар соли 2024  таъмири  53,4 километр роҳҳои автомобилгарди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла 7,5 км таъмири асосӣ, 21,4 километр таъмири ҷорӣ ва 25,5 километр шағалпўш мебошад. Барои иҷрои корҳо аз манбаъҳои гуногун  9,0 миллион сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст.

Дар давоми шашмоҳаи соли 2024, 43,3 километри роҳҳо таъмиру тармим гардиданд, ки 80,5 фоизи иҷрои нақша мебошад. Аз ҷумла: 8,2 километр таъмири асосӣ, 21,2 километр таъмири ҷорӣ ва 13,9 километр  шағалпўш карда шуда, маблағи сарфшуда 6,5 миллион сомониро ташкил дод.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:298
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2568
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8791
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20260
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40356
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:67708
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9493833

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?