Санаи 27.09.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи навбатии Ситоди ҳарбӣ доир ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр “Дар бораи даъвати шаҳрвандони соли таваллудашон 1997 – 2006 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2024” баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ муовини якуми Раиси шаҳр, муовини Раиси шаҳр, комиссари ҳарбии шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо ва дигар шахсони дахлдор иштирок доштанд.
Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода кори ҷаласаро ифтитоҳ бахшида зикр намуд, ки ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Воқеан, дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби мардонагиву ҷасорат, марҳилаи ташаккули инсони тавонманду чобук ва хештаншиносу ватандӯст табдил ёфта, дар камолоти ҷисмониву эҳсоси ватанпарастии насли шоистаи замон нақши арзишманд мегузорад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Гулистон: Фестивали шаҳрии атласу адрас баргузор карда шуд
- БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ ДОИР БА ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ, ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ВА РИОЯВУ АМАЛӢ НАМУДАНИ ҚОНУНУ СТРАТЕГИЯҲОИ АМАЛКУНАНДА ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН
- Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз рафти фаъолияти истеҳсолии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” дидан намуд






Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 29.12.2023, №411 “Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои асоси оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024 ” ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 04.01.2024, №3 ва Нақшаи чорабиниҳои асоси дар ин самт тасдиқ гардидаи шаҳри Гулистон, санаи 24 сентябри соли 2024 дар ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” баҳри ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда машқи иншооти да мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои иншоот ҳангоми заҳролудшавӣ аз моддаҳои сахттаъсири заҳролудкунанда” ташкил ва гузаронида шуд.
25 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон омада, бо ҷараёни истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ, «Корхонаи металлургии тоҷик» ва ҶДММ «Доруи Суғд» шинос гардид.
Тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисто ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо санаи 25 сентябри соли 2024 дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бо ҷалби сокинон мулоқот доир гардид.
Бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Гулистон дар доираи амалисозии Стратегияи милли фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар шаҳри Гулистон дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарё семинари омӯзишӣ оид ба гузаронидани таҳлили гендерӣ, таҳияи стратегияҳо ва тарғиби пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор гардид.















