Санаи 03.02.2024 дар Қисми мустақили 37-уми ХДО оид ба муҳофизати шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки ҳайати шахсии ниҳоди мазкур семинари омӯзишӣ доир гардид.
Дар семинари мазкур мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шар Фаридуншоҳ Абдуллоев доир ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи руди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» маърӯза намуд.
Зикр карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзуи ҳифзи асолати забонро ҳамеша зери назари қатъии хеш қарор додаанд ва дар ироаи яке аз Паёмҳояшон зикр намуданд, ки: “Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем”.

Имрўз, 03.10.2024 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 дар шаҳри Гулистон”, нақшаи чорабиниҳои Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва ҳамчунин, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Забони миллат-ҳастии миллат” бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногун, донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр ва омўзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр доир гардид.

Субҳи имрӯз, 01.10.2024 дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон маросими ботантанаи гусели даъватшавандагони гулистонӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Санаи 30.09.2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар Ҷамоати шаҳраки Консой бо рафти корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ Корхонаи “Коркард” ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид.