Матни равон

Санаи 14.10.2024 тибқи нақшаи кории мақомти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳр дар толори хобгоҳи донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири бахши окр бо занон ва оилаи мақомоти иҷроия Матлуба Сатторова, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Рустамҷон Боқиев ва и.в. мудири бахши танзим Мирҷумъа Бобозода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд. Боиси таассуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тӯли асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфтаанд.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар аҳамияти махсус зоҳир намуда, аз ҳамагон хоҳиш намуданд, ки то баргузории машварати умумиҷумҳуриявӣ (24-уми майи соли 2007) тамоми хоҳишу дархост ва оид ба чӣ гуна гузаронидани урфу одатҳои миллӣ фикру андешаҳои худро ирсол намоянд. Аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат беш аз 20 ҳазор таклифу пешниҳодоти муфид ирсол гардид ва аксарияти аҳолӣ иқдоми танзими анъанаҳои мардумӣ ва миллиро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Ниҳоят дар таърихи 8-уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» қабул гардид.

се ҷанба - маънавӣ, иктисодӣ ва ҳуқуқӣ дорад. Ҷанбаи маънавии Қонуни мазкур дар он ифода меёбад, ки он хислати инсондӯстӣ ва хайрхоҳӣ дошта, исрофкориро хамчун амали номатлуб эътироф менамояд, камхарҷу сарфакорона баргузор намудани ҷашну маросим ва оростани дастурхонро қисми таркибии маънавиёти миллӣ дониста, барои баланд бардоштани фарҳанги маъракаҳо мусоидат менамояд.

Аз лиҳози иқтисодӣ Қонуни мазкур омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ буда, барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум тавассути роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ ҳангоми гузаронидани ҷашну маросим мусоидат менамояд.

Ҷанбаи ҳуқуқии Қонуни мазкур дар он ифода меёбад, ки он барои таъмини амнияти ҷомеаву давлат, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа дар кишвар мусоидат намуд. Ба бетартибию содир намудани ходисаҳои нохуш дар тую маъракаҳо, вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва содир намудани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо таъсири мусбат расонид.

Дар давоми 17 сол ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаш маротиба (16-уми июни соли 2008, 21-уми июли соли 2010, 30-юми майи соли 2017, 28-уми августи соли 2017, 25-уми июни соли 2021 ва 20-уми июни соли 2024) тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9 — уми марти соли 2024 қайд намуданд, ки «бо дарназардошти таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад». Дар ин замина, лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими ҷашну маросим ва баҳри беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон таҳия шуда, дар таҳрири нав аз 20.06.2024 қабул карда шуд.

Дар дебоча зикр гардидааст, ки: «Қонуни мазкур тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст».

Ба иштирокдорон мазмун ва моҳияти тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" фаҳмонида дода шуд.

Ҳамзамон, доир ба пешгири ҷинояткорӣ дар байни занону ҷавонон, пешгирии тарғиби фарҳанги бегона, тарғиби арзишҳои миллӣ ва гиромӣ доштани фарҳангу унсурҳои миллӣ таъкид карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:940
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1361
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9057
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:8430
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:9695
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8219207

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?