Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот таъин гардиданд, иброз доштанд, ки вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар як хизматчии оддӣ ва роҳбари воҳиду сохторҳои давлативу низомӣ муносибати ҷиддӣ дар доираи оиннома ва дигар санаду меъёрҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳа талаб карда мешавад.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони Фармондеҳ, командирони бригада ва қисмҳои алоҳидаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои олии ҳарбии ватанӣ ва ҳориҷӣ таъин гардиданд.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Агентии таъмини амволи махсус, муовини аввал ва муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Литва Гитанас Науседа барқияи табрикӣ ирсол намуданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Маминро ба ҳузур пазируфтанд
- Муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе






Дирӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ бо фаъолияти коргарони Кооперативи тиҷоратии “Чашмаи Нуқра” шинос шуданд.
12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.















