06 Сентябр 2025
Субҳи имрӯз, 06.09.2025 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонону наврасон ва сокинон машқҳои пагоҳирӯзӣ доир гардид.
Ин тадбир дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба амалигардонии “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022-2026” ба роҳ монда шуд.
Лозим ба зикр аст, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои он дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, варзишгоҳҳои марказӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, майдони Парчами давлатӣ ва дар назди ташкилоту муассисаҳо мунтазам баргузор гардида истодааст.