Матни равон

4-уми сентябри соли 2025 дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба муносибати таҷлили шоистаи Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – меъмори Истиқлоли тоҷикон” бо иштироки гирандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси шаҳр, ҷавонони муассисаҳои таълимии маркази шаҳр ва донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии таълимии коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар кори Конфренсияи муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, мудири бахши адабиётшиносии Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Исмоил Саидов ва муовини директор оид ба корҳои тарбияи Коллеҷи тиббии шаҳр Қурбонбой Алиев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки ба ибораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Таҷлили санаи ба истиқлолият расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии оддии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз тақдир ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза ва тарҳрезӣ намудани дурнамои рӯзгори ояндаамон мебошад”.

Бинобар ин, дар ин рӯз моро мебояд, ки бори дигар аз доштани Истиқлолу озодӣ шукрона намоем, бурду бохтҳои гузаштаамонро пеши назар орем, таҳлили муқосиа кунем ва барои ояндаи дурахшон нақшаҳои мушаххасро роҳандозӣ намоем.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои ба дастовардаи кишвар ба кору пайкори Сарвари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ доранд.

Ҳадафи нахустини ҳукумати кишвар баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба хоки Ватан буд, ки бо даъват ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳо аз хоки Афғонистон дубора ба Ватан баргаштанд.

Кору пайкор ва талошҳои ҳукумати қонунӣ минбаъд барои ба даст овардани оштии миллӣ ва сулҳи комил дар кишвар равона гардида буд. Хушбахтона пас аз нишасту музокиротҳои зиёд 27-уми июни соли 1997 ин санади тақдирсоз ба имзо расид ва дар кишвар сулҳу суботи комил ва Ваҳдати миллӣ пойдор гардид.

Баъди барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад, то ки асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдорӣ муайян карда шаванд.

Шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади сарнавиштсоз бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва минбаъд дар асоси он мо ба ислоҳоти конститутсионӣ оғоз кардем.

Дар асоси Конститутсия парламенти касбии дупалатагӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, яъне шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуданд.

Дар заминаи Конститутсия минбаъд Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ тасдиқ гардиданд.

Баҳри таъмини рушди босуботи кишвар бо ташаббуи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегии кишвар - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар давра ба давра эълон карда шуд.

Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият – ин дастовариди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ вазифаи давлат ва рисолати ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст”.

Дар фарҷом Мастура Ҷалилова гирандаи стипендияи Президнтӣ, ғолиби як қатор озмуну олимпиадаҳо барои баргузории конференсияи мазкур арзи сипос намуда, аз ҷавонон бо қироати ашъори ватандӯстона даъват намуд, ки дар сарсабзу хуррам гардонидани кишвар, расидан ба қадри Истиқлолу озодӣ ва нигоҳдории он саҳмгузор бошем.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:231
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1625
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9104
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:21026
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:9104
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8909166

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?