Матни равон

Имрӯз, 6-уми сентябри соли 2025 дар МТҒ “Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон” ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода иштирок намуда, донишҷӯёну устодонро ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт. Зикр карда шуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерумандтарин муҳофизи истиқлоли кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки: “Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд”.

Дар воқеъ Истиқлол ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Инчунин, изҳор карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таъкид намуданд, ки: “Дар замони мо, ки рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технологияҳо ва бахусус, зеҳни сунъӣ хусусияти барҷастаи он мебошад, донишомӯзӣ аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ пайдо кардааст.

Яъне асре, ки мо дар он кору зиндагӣ карда истодаем, асри илму дониш, кашфиёту ихтироот, техникаву технологияҳои навтарин – замони пешрафту тараққиёти миллату халқҳои босаводу донишманд ва навовару ихтироъкор мебошад.

Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо барои илму донишомӯзии насли наврас ва ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд.

Ҳар сол дар мамлакат садҳо муассисаи нави таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, забономӯзӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ бунёд ва ба истифода дода мешаванд.

Таъкид менамоям, ки тамоми пешрафту дастовардҳои мо, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ҳаёти шоиставу осоиштаи мардум, пеш аз ҳама, ба пойдории сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вобаста мебошад”.

Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода афзуд, ки вобаста ба ин таъкидҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устодони коллеҷи тиббии шаҳрро мебояд, ки сифати таълиму омӯзишро баланд бардошта барои тарбияи мутахассисони соҳибкасби тиббӣ саъю талош намоянд. Инчунин, донишҷӯёнро мебояд, ки бо истифода аз шароити мусоиди таълим барномаҳои таълимиро мукаммал омӯхта мутахассиси беҳтарини касби худ гарданд.

Сипас, аз ҷониби донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр барномаи рангини фарҳангӣ бахшида ба ин санаи фархунда манзури иштирокдорон карда шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:357
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1305
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:357
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12649
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:10535
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8910597

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?