Матни равон

Санам 6-уми сентябри соли 2025 дар толори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Мирзоватан Раҳимзода ва собиқадорони соҳа ҳайати шахсиро бо 34-солагии Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфтанд.

Зикр карда шуд, ки Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол 34 сол аст, ки чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ дорад. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерумандтарин муҳофизи истиқлоли кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки: “Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд”.

Дар воқеъ Истиқлол ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Роҳи пуршарафи милитсияи тоҷик дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ милитсияи тоҷик доимо дар сафи пеши мубориза баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон истода, анъанаҳои неки ин ниҳоди муҳими давлатиро садоқатмандона идома медиҳад.

Имрӯз дар назди кормандони милитсия боз ҳам вазифаҳои муҳим истодаанд. Ҳифзи ҳуқуқҳои қонунӣ ва манфиатҳои шаҳрвандон, мубориза бо терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккилона, гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир самтҳои афзалиятноки фаъолияти онҳо мебошад. Пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз сулҳу суботи ҷомеа вобастагии калон дорад, ки он низ ба сатҳу сифати фаъолияти шумо ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматиатон иртиботи бевосита дорад. Маҳз, шумо дар набарди пеши мубориза бо ҷинояткорӣ қарор доред ва ҳамарӯза ҷони худро дар хатар гузошта, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва волоияти қонунро ҳифз менамоед.

Лозим ба зикр аст, ки дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи милитсия дар кишвар корҳои назаррас анҷом дода шудааст ва имрӯз ин ниҳод ба яке аз ниҳодҳои бисёр муқтадир ва тавоно табдил ёфтааст.

Дар вазъи тантанавӣ як қатор кормандони шуъба бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2359
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2646
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2359
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12824
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:15183
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8915245

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?