6 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба 42 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни иншооти муҳим мукофотҳои давлатӣ супориданд.
Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати рӯйдоди муҳими таърихӣ — ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик гуфтанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ
- ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ИШТИРОК ДАР ДАР ДАРСИ СУЛҲ
- АРМУҒОНИ ҚОЛИНБОФОН






4 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрории ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои оғози корҳои сохтмонӣ дар Меҳмонхонаи бисёрошёнаи замонавии «WYNDHAM Dushanbe hotel & Resorts» санги асос гузоштанд.
4 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар яке аз мавзъҳои зебоманзари пойтахт — кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои бисёрфунксионалии баландошёна оғози расмӣ бахшиданд.
Рӯзи 4 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барои сохтмони Маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ, бо ҷойгиркунии меҳмонхонаи замонавии панҷситорадори 24 ошёна ва ду адад апартаментҳои резиденсии (қароргоҳӣ) 18-ошёнаи «GRAND RUDAKI TOWER» санги асос гузоштанд.
4 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат ба сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «Дипломат» оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи он шинос гардиданд.













