12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муҳташами Қасри фарҳангро ифтитоҳ карданд.
Қасри фарҳанги ноҳия аз зумраи иншооти ҷашнии истиқлолият буда, аз тарафи устоҳои ҳунарманду муъҷизаофари тоҷик дар як мавзеи дилфиреби ноҳия бо тарҳи хеле нодир бунёд шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти мазкурро дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, онро ҳамчун туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 28 — умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба сокинон ва аҳли фарҳанги ноҳия тақдим карданд.