Матни равон

Дар ноҳияи Нуробод бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази нави хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Иншоот дорои коргоҳҳои коркарди тунука, истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, коркарди чуб, истеҳсоли хиштҳои сементӣ ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мебошад. Дар ошёнаи якуми марказ фурӯши маводи ғизоӣ ва дар ошёнаи дуюм фурӯши либосу пойафзол ба роҳ монда шудааст.

Минбаъд сокинони водии Рашт метавонанд аз ин намуди хизматрасониҳо дар ноҳияи Нуробод дар сатҳи баланд баҳравар шаванд.

Маркази хизматрасонӣ аз тарафи бародарони соҳибкор Маҳмадёровҳо дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд шудааст.

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.

Сокинони касбу кори гуногун, собиқадорон, фаъолон ва шумораи зиёди ҷавонони ин ноҳияи дурдасти мамлакат Сарвари давлатро гарму самимӣ ва бо муҳаббати беандоза пазироӣ намуданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии навбунёди деҳаи Холибеки деҳоти Хумдон, ки идона ороста шуда буд, бо дастовардҳои меҳнатии мардуми ин ноҳияи хушманзара шинос шуданд. Ба хотири ташрифи меҳмони олиқадр дар ин ҷо намоишгоҳи бузургу доманадор ташкил карда шуд.

Дар намоишгоҳ сокинони ноҳия дастранҷи хеш, аз қабили маҳсулоти нонӣ, намунаи кандакорию оҳангарӣ, ҳосили зироати кишоварзӣ, гулу гиёҳҳои табиии шифобахш ва ғайраро, ки бо меҳнати ҳалол ва заҳмати зиёд ба даст овардаанд ба маъраз гузоштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва дар симои онҳо кулли мардуми ноҳияро бо ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи як қатор иншоотро дар маркази ноҳия ба сокинон муборакбод гуфта, таъкид доштанд, ки дар як муддати кутоҳ дар натиҷаи амалисозии барномаҳои давлатӣ ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми он дар ҳамаи самтҳои муҳимми иқтисодиву иҷтимоии ноҳия бо дастгирии Ҳукумати мамлакат пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.

24 июни соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохтанд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия дар назди бинои Қасри фарҳанг бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеи сокинон партавафшон карда шуд.

Парчами давлатӣ бо баландии 50 метр дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори рӯзи Ваҳдати миллӣ бунёд шудааст. Паҳноии матои Парчам 7 ва дарозияш 14 метрро ташкил намуда, атрофи он ба масоҳати 735 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти расмии Маркази савдои «Давлатҷон», ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Давлатов дар доираи эълони солҳои 2019 — 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сохта шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.

Тибқи иттилоъ, корҳои сохтмонӣ дар ин маркази тиҷоратӣ соли 2017 оғоз шуда, дар рафти бунёди иншоот зиёда аз 10 нафар сокини ноҳия ба кор ҷалб гардида буданд.

Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, ошёнаи якум барои мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум ва ошёнаи дуюм ҳамчун маркази ҷавонон барои баргузории тӯю маъракаҳо пешбинӣ шудаанд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2341
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2700
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:21795
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12824
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:34619
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8934681

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?