Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд
Дирӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Корея мақоми шоиста дошта, ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои нахустин сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея интизориҳои зиёд дорад.
Ҷонибҳо ба он назар буданд, ки барои рушду тавсеаи муносибатҳои байнидавлатӣ заминаҳои созгори шартномавию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, Коммисияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ низ фаъолияти назаррас дорад.






Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ бо фаъолияти коргарони Кооперативи тиҷоратии “Чашмаи Нуқра” шинос шуданд.
12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Литва Гитанас Науседа барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
Дирӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Маминро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.














