17 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ба корҳои сохтмонии Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи он шинос шуданд.
Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар бунёд мегардад.
Роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромантаж» ба хотири истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки аз ҳисоби маблағҳои ширкат ва таҳвили лизингии дастгоҳу таҷҳизот корхонаи муосири саноатиро дар шаҳри Душанбе ба истифода диҳанд.
























