Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо иштироки фаъолон ва пешоҳангони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр ҷамъомади ботантана баргузор гардид.
Ҷамъомад бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Савзаалӣ Назирзода гулистониёнро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон шодбош намуд.






Ба ифтихори таҷлили 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо ҳамроҳии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғд Муҳаммадӣ Давлатов аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорон ва ашхоси барӯманди шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик”-ро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
08.09.2020, шаҳри Душанбе
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои токзори Хоҷагии деҳқонии «Ватан» шинос шуданд.















