12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72-ро мавриди истифода қарор доданд.
Зимни боздид аз мактаби нав ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Муассисаи навбунёди сеошёна барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он шароити муосири илмомӯзӣ фароҳам мебошад.
Дар иншоот 26 синфхона, ҳар кадоме бо 24 ҷойи нишаст, синфхонаҳои фаннии информатика, забонҳои русиву англисӣ, озмоишгоҳҳои фаннҳои химия, физика, ҳуҷраи омӯзгор ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир карда шудааст. Муассиса бо 46 компютер, тахтаи электронӣ, лавозимот барои гузаронидани озмоишҳо дар дарсҳои физикаву химия таъмин мебошад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат дар шаҳри Панҷакент меҳмонхонаи «Саразм плаза»-ро ифтитоҳ ва ба 30 нафар ятимони кулл туҳфаҳо тақдим намуданд
- Истиқболи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент ва ба истифода додани Беморхонаи марказӣ
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Саратоғи ноҳияи Айнӣ ҶДММ «ТАЛКО Флюорит»-ро ба истифода доданд






12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент аз намоишгоҳи кишоварзони шаҳр ва ҷамъоварии картошка дар Хоҷагии деҳқонии «Роҳи абрешим» дидан намуданд.
12 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар деҳаи Бостондеҳи деҳоти Саразм аз истифодаи оқилонаи замини наздиҳавлигии бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо дидан намуданд.
12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар шаҳри Панҷакент баъд аз таҷдиду муҷаҳҳазгардонӣ Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Мармари Саразм»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
12 сентябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргоҳи меваи хушк ва сардхона дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Маърифатпарвар»-и назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент шинос шуданд.














