Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи «Саразм плаза»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар ҳамин ҷо бо кӯдакони ятими кулл мулоқот карданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, меҳмонхонаи шашошёна аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Панҷакентсоз» бо пайгирӣ аз иқдомҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон бунёд гардида, дар он мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
Иншоот дорои 24 ҳуҷра буда, дар як вақт метавонад ба 60 нафар хизмат расонад. Тибқи лоиҳа, ошёнаи якуми меҳмонхона дорои қабулгоҳ ва ошхона бо 70 ҷой буда, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои люкс ҷой дода шудааст. Дар дигар ошёнаҳо утоқҳои муқаррарии хобу истироҳат ҷойгир буда, тибқи талабот, ҳамчунин масъулин дар иншооти нав ҳуҷраҳои оилавӣ низ бунёд намудаанд. Дар ҳуҷраҳои оилавӣ ошхонаву ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон дар дохили ҳуҷра ҷойгир мебошад.






12 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ташриф оварданд.
12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳ ва гузоштани санги асоси як қатор иншооти таъиноташ гуногун ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.















