Дар ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзи моҳипарвариро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона» мавриди истифода қарор доданд.
Масоҳати қитъаи замини хоҷагӣ 76,6 гектар, шумораи ҳавзҳо 22 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 44,54 гектар мебошад. Ғунҷоиши ҳавзҳо дар як 1 гектар 2,5 ҳазор моҳӣ ва дар ҳамаи ҳавзҳо 101,8 ҳазор моҳӣ мебошад.
Аз руи маълумоти роҳбари хоҷагии моҳипарварӣ Шуҳрат Мамадҷонов ҳавзи моҳӣ дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт ҷойгир буда, барои парвариши моҳӣ ва ба роҳ мондани соҳаи сердаромад хеле мувофиқ мебошад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Истиқболи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шайдон ва ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ашт
- Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ва ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-и деҳоти Понғоз
- Табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба ифтихори Рӯзи шаҳри Гулистон






15 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” ташриф оварда, ба маъракаи чиниши пахта ҳусни оғоз бахшиданд.
15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Агроашт” ва 2 сардхонаи навбунёдро, ки бо саҳми соҳибкори ватанӣ Бахтиёр Мақсудҷонов сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ашт аз Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои ҳунармандон дидан намуданд.
15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар деҳоти Ошоба аз токзори навбунёд ва боғи интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” боздид намуданд.














